Fingram 2025-06-26 0
Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва шарикони рушд 25 июни соли 2025 дар шаҳри Турсунзода фестивали навбатии саводнокии молиявӣ баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода ва раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода оид ба аҳаммияти маърифати молиявӣ, зарурати саводнокии молиявии аҳолӣ ва нақши он дар рушди иқтисоди кишвар суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки баргузории фестивалҳои саводнокии молиявӣ на танҳо чорабинии омӯзишӣ, балки имкони мусоид барои муошират бо коршиносон, мубодилаи таҷриба ва шиносоӣ бо воситаҳои нави молиявӣ мебошад.
Дар қисмати аввали фестивал мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои суғуртавӣ ва низомҳои пардохту интиқол дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла “Рушди бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон”, “Пешгирии амалҳои қаллобони молиявӣ”, “Нақши ташкилотҳои молиявӣ дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ”, “Аҳаммияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” ва “Дурнамои рақамикунонии низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ карда, иштирокдоронро бо таҷрибаи муосири соҳа шинос намуданд. Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ озмуни саволу ҷавоб доир гардида, иштирокдорони фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Қисмати дуюми чорабинӣ дар майдони назди “Кохи Дӯстӣ” баргузор гардида, ба намоиши маҳсулоти ташкилотҳои молиявӣ ва суғуртавии кишвар бахшида шуд. Дар он ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғурта ба тамошобинони фестивал маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд.
Дар қисми ҷамъбастӣ барномаи фарҳангии рангоранг бо ширкати ҳунармандони маъруфи кишвар баргузор гардида, озмуни бурди туҳфаҳо дар асоси саволу ҷавоб доир ба донишҳои молиявӣ фазои чорабиниро барои иштирокдорон боз ҳам идона намуд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории фестивалҳои саводнокии молиявӣ дар доираи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026 роҳандозӣ гардида, ҳадафи онҳо — баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ, тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ ва ба ин васила шиносоӣ бо хизматрасониҳои молиявӣ, суғуртавӣ ва пешниҳоди хизматрасонӣ мебошад.
Иcтинод: Шуъбаи матбуоти БМТ
https://nbt.tj/tj/news/582495/
Шарҳ