
Fingram 2025-07-16 0
QR-рамзи ягона — ин рамзи стандартизатсияшудаи электронӣ мебошад, ки барои пардохтҳои ғайринақдӣ истифода бурда мешавад. QR (Quick Response) маънои “посухи зуд” дошта, имконият медиҳад, ки пардохт дар чанд сония тавассути скан кардани рамз анҷом дода шавад.
QR-рамзи ягона бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон таҳия шуда, ҳамаи QR-рамзҳои хусусии бонкҳо ва муассисаҳои молиявиро ба як шаблони умумӣ муттаҳид менамояд.
Бартариҳои асосии QR-рамзи ягона:
- пардохт осон ва зуд аст - танҳо бо як скан пардохт анҷом дода мешавад;
- замимабарнома ё ҳамёни электронии дилхоҳ ташкилоти қарзии молиявиро истифода бурда метавонед;
- барои мизоҷон бе комиссия аст;
- барои соҳибкорон - воситаи муассири афзоиши фурӯш аст.
Имрӯз беш аз 23 000 муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар саросари кишвар пардохтҳоро тавассути QR-рамзи ягона қабул мекунанд ва ин рақам рӯз ба рӯз меафзояд.
Шарҳ