Дучор нашудан ба амалҳои қаллобӣ
Дар ҷаҳони имрӯзаи рақамӣ новобаста аз синну сол, маълумот ё таҷриба, ҳар яки мо метавонем дучори амалҳои қаллобон шавем. Қаллобӣ шаклҳои гуногун дорад, аз ҷумла аз зангҳои сохта то сомонаҳои қалбакӣ ва ҳатто паёмакҳо “аз номи бонк”. Барои муҳофизати молиявии худ, панҷ қоидаи зеринро доим дар ёд дошта бошед:
1. Ҳеҷ гоҳ маълумоти шахсии худро ба ягон кас ифшо накунед
Рақами корти бонкӣ, рамзи CVV ва рамзи SMS, PIN-код комилан махфӣ мебошанд. Бонкҳо ҳеҷ гоҳ аз Шумо чунин маълумотро тавассути телефон, паёмак ё мессенҷерҳо пурсон намешаванд. Агар касе бо баҳонаи “амалиёти шубҳанок” ё “бастани корт” ин маълумотро талаб кунад, бо эҳтимоли зиёд ин қаллоб аст.
2. Ба зангҳо ва паёмакҳои шубҳанок ҷавоб надиҳед
Қаллобон метавонанд Шуморо бо рақами сохтаи бонк занг зананд ва худро “мутахассис”, ё “корманди хадамоти бехатарии бонк” муаррифӣ кунанд. Онҳо Шуморо ба зудӣ додани маълумот вобаста ба ин ё он гуна сабаб водор мекунанд. Дар ин ҳолат бояд суҳбатро қатъ намуда, ба рақами расмии бонк занг занед ва вобаста ба ин ҳолат бонкро огоҳ намоед.
3. Ба сомонаҳои ношинос ворид нашавед
Шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакҳо пур аз пайвандкҳои қалбакӣ мебошанд, аз ҷумла “шумо бурд намудед”, “барои гирифтани бонус пахш намоед”, “барномаи мобилиро навсозӣ кунед” ва ғайра. Пас аз пахш кардан, қаллобон метавонанд телефони Шуморо зери назорат гиранд ё маълумоти шахсиатонро дастрас намоянд. Ҳеҷ гоҳ пайвандҳои шубҳанокро накушоед.
4. Танҳо сомонаҳо ва барномаҳои расмиро истифода баред
Ҳангоми пардохти молу хизматрасонӣ тавассути интернет, танҳо ба манбаъҳои расмӣ бовар кунед. Пеш аз ворид кардани маълумоти корти бонкӣ, бовар ҳосил кунед, ки Шумо дар сомонаи дуруст ҳастед ва ба номи сомона диққат додаед (масалан, bank.tj ва b4nk.tj). Дар браузер нишонаи сомонаи расмии ширкатро санҷед ва дар ҳолати шубҳанок будани он пардохтро анҷом надиҳед.
5. Огоҳ бошед ва дигаронро огоҳ намоед
Аксарияти қаллобон маҳз онҳоеро фиреб медиҳанд, ки дониши кофии молиявӣ надоранд. Боварӣ ҳосил кунед, ки наздикони Шумо низ ин қоидаҳоро медонанд. Агар чизе ба Шумо шубҳаовар намояд, бо бонк ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машварат кунед, на бо шахси ношинос.
Шарҳ