
Fingram 2025-07-30 0
Суғурта - ин ҳимоятгари манфиатҳои молумулкии суғурташавандагон (шаҳрвандон) аз ҳодисаҳои ногаҳонӣ, аз қабили садамаҳои нақлиётӣ, бемориҳо, офатҳои табиӣ ва ғайра мебошад, ки ҳангоми ба амал омадани яке аз ин ҳодисаҳо ба ҷабрдидагон кӯмаки молиявӣ расонида мешавад.
Мақсади асосии суғуртакунӣ ин рӯйпуш кардани хароҷотҳои молиявии ҷомеа мебошад.
Аҳамияти иқтисодию молиявии суғурта барои суғурташавандагон (шаҳрвандон) :
1. Муҳофизат аз хавфҳо ва талафот:
Суғурта воситаи муҳими муҳофизати аҳолӣ ва тиҷорату амволи онҳо аз хатарҳои ногаҳонӣ — офатҳои табиӣ, сӯхтор, садама, беморӣ ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт мебошад.
2. Дастгирии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ:
Суғурта барои соҳибкорон кафолати амният фароҳам меорад ва имконият медиҳад, ки бо хотири ҷамъ фаъолият кунанд ва тиҷорати худро рушд диҳанд.
3. Кам кардани фишор ба буҷаи оила:
Дар ҳолатҳои фавқулода, пардохтҳои суғуртавӣ бори молиявии аҳолиро сабук менамоянд.
Шарҳ