logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2025-08-15 0

Фестивали саводнокии молиявӣ дар шаҳри Исфара

14 августи соли ҷорӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва шарикони рушд дар шаҳри Исфара фестивали навбатии саводнокии молиявӣ гузаронида шуд.

Дар маросими ифтитоҳи фестивал дар Қасри фарҳанги шаҳри Исфара муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода ва муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфар Ҳайдарзода оид ба Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, аҳаммият ва зарурати саводнокии молиявии аҳолӣ ва нақши он дар рушди иқтисоди кишвар суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки бо мақсади таъмини иҷрои ҳадафҳои пешбининамудаи Стратегияи зикршуда аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва шарикони рушд ҷиҳати васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат пайваста фестивалҳои саводнокии молиявӣ гузаронида мешаванд.

Инчунин, бо тавсия ва ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бахусус минтақаҳои дурдаст бо гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, кормандони корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ, занон ва муҳоҷирон низ чорабиниҳои маърифатӣ гузаронида мешаванд, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ мебошад. Баргузории фестивалҳои саводнокии молиявӣ на танҳо чорабинии омӯзишӣ, балки имкони мусоид барои муошират бо коршиносон, мубодилаи таҷриба ва шиносоӣ бо воситаҳои нави молиявӣ мебошад.

Дар идомаи қисмати аввали фестивал мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ бо иштирокдорон дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла “Бартариятҳои пардохтҳои ғайринақдӣ”, “Пешгирии амалҳои қаллобони молиявӣ”, “Муҳиммияти пасандозгузорӣ”, “Нақши ташкилотҳои молиявӣ дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ”, “Мафҳум ва муҳиммияти суғуртаи молу мулк” суҳбат намуда, аз таҷрибаҳои пешрафта ва муосир маълумот доданд. Дар рафти чорабинӣ озмуни саволу ҷавоб доир гардида, иштирокдорони фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Қисмати дуюми чорабинӣ дар майдони назди Қасри фарҳанги шаҳри Исфара баргузор гардида, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғурта ба тамошобинони фестивал маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд.

Қисми сеюми фестивали саводнокии молиявӣ, яъне барномаи фароғатӣ-фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маъруф дар майдони марказии шаҳри Исфара баргузор гардида, ташкили озмуни бурди туҳфаҳо дар асоси саволу ҷавоб доир ба донишҳои молиявӣ фазои чорабиниро боз ҳам идона намуд.

Дар хотима изҳори боварӣ карда шуд, ки чорабиниҳои мазкур барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат намуда, ба татбиқи ҳадафҳои пешбининамудаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 мусоидат хоҳад намуд.

Шарҳ