logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2025-08-20 0

Мафҳумҳои асосии низоми суғурта

Дӯстони гиромӣ! 
Донистани мафҳумҳои асосии низоми суғурта ба истеъмолкунандагони чунин хизматрасонӣ имкон медиҳанд, ки тарзи фаъолияти низоми суғуртаро дарк намоянд, ба ҳуқуқу уҳдадориҳои худ ҳангоми бастани шартнома бо диққат шинос шаванд, намудҳои гуногуни суғуртаро фарқ кунанд ва хавфҳои эҳтимолиро пешгирӣ намоянд.
Мафҳумҳои асосии низоми суғурта:
- полиси суғуртавӣ — ин ҳуҷҷате мебошад, ки бо ташкилоти суғуртавӣ баста шудани шартномаи суғуртавиро тасдиқ мекунад;
- мукофоти суғуртавӣ — ин маблағест, ки суғурташаванда ба ташкилоти суғуртавӣ мувофиқи шартномаи суғурта пардохт мекунад;
- ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ) — ин маблағест, ки ташкилоти суғуртавӣ ҳангоми ба амал омадани ҳодисаи суғуртавӣ мувофиқи шартномаи суғуртавӣ пас аз пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ба суғурташаванда маблағи зарарро пардохт мекунад;
- маблағи суғуртавӣ — ин ҳаҷми маблағест, ки ба он объекти суғуртавӣ суғурта карда шудааст ва ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ташкилоти суғуртавӣ ба ҷабрдида зарари расонидашударо дар доираи ин маблағ ҷуброн мекунад.

Шарҳ