logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2025-08-29 0

Ҳамёни электронӣ - воситаи пардохтии муосир

Ҳамёни электронӣ - воситаи электронии пардохтӣ, ки дар он маблағҳои электронӣ нигоҳ дошта шуда, тавассути он интиқоли маблағҳои электронӣ сурат мегирад.
Афзалиятҳои ҳамёни электронӣ:
- ҳангоми хариди молу хизматрасонӣ бо худ доштани пули нақд зарурат надорад;
- истифодабарии он сода ва осон аст: суръати баланди пардохтҳо ва интиқолҳо, сарфаи вақту хароҷот, бе навбат ва ташриф ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ; 
- даромади иловагӣ: кешбэк, аксияҳои бурднок;
- дастрасии фосилавӣ - 24/7/365: истифодаи ҳамёни электронӣ дар дилхоҳ вақт ва новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ;
- назорат ва шаффофият: назорат ва пайгирии пурраи амалиётҳо, идораи хароҷот ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ;
- пардохти зуд бо QR- рамзҳо.
Қоидаҳои истифодаи бехатарӣ ҳамёни электронӣ:
- маълумоти шахсӣ ва рамзҳои маҳфии худро ба шахсони сеюм ифшо накунед;
- истифодаи тасдиқи аслияти бисёромила (масалан: маълумоти биометрии шахсият ва шинохти рӯй);
- тавозун ва таърихи амалиётро мунтазам тафтиш кунед;
- дар бораи амалиётҳои шубҳанок ба ташкилоти қарзии молиявии хизматрасони худ хабар диҳед;
- мунтазам тавсияҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва муассисаҳои давлатиро дар бораи пардохтҳои бехатар пайгирӣ намоед.

Шарҳ