logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2025-09-05 0

Муҳиммияти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ

Имрӯзҳо ҷаҳони молиявӣ босуръат рушд карда истодааст. Ҳамарӯза хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва имкониятҳои нав дар амал татбиқ шуда, истифодаи технологияҳои муосир васеъ гардида истодааст.

Дар чунин шароит азхудкунии донишҳои молиявӣ барои ҳар як шахс ҷиҳати қабули қарорҳои оқилонаи молиявӣ муҳим мебошад.   
Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳо ва пешгирӣ аз хатарҳои молиявӣ барои ҳамагон зарур мебошад.
Барои ҷавонон ин имкониятест ҷиҳати оғоз намудани зиндагии мустақил бо қадамҳои дуруст.
Барои оилаҳо - кафолати оромӣ ва устувории иқтисодӣ ва барои ҷомеа - таҳкурсии рушди иқтисод ва суботи молиявӣ мебошад.
Аз ин рӯ, ба саҳифаи мо обуна шуда, сатҳи саводнокии молиявии худро якҷо бо Бонки миллии Тоҷикистон боз ҳам баландтар бардоред.

Шарҳ