Суғуртаи воситаҳои нақлиёт
Суғуртаи воситаҳои нақлиёт - намуди суғурта, ки амалигардонии пардохти суғуртавиро ба андозаи қисман ё пурра ҷуброн намудани зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба соҳибӣ, истифодабарӣ, ихтиёрдории воситаи нақлиёт, аз ҷумла дуздидан ё рабудан, инчунин дар натиҷаи расидани зарар ба он, вайрон ё нобуд шудан пешбинӣ менамояд.
Муҳиммияти суғуртаи воситаҳои нақлиёт:
- ҳимоя аз хароҷоти таъмир ё барқарорсозии воситаи нақлиёт;
- кам кардани хавфҳо ҳангоми садама, дуздӣ, сӯхтор ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт;
- ҷуброни зараре, ки ба шахсони сеюм расонида мешавад;
- пешгирии хароҷоти калон ва ғайричашмдошт;
- риояи талаботи ҳатмӣ, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст;
- оромиву боварӣ ҳангоми идоракунии воситаи нақлиёт;
- хизматрасониҳои иловагӣ, ки метавонад дар доираи суғуртаи воситаи нақлиёт пешбинӣ шаванд.
Шарҳ