Рӯзи байналмилалии бонкҳо
Ҳамасола 4 декабр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии бонкҳо (International Day of Banks), ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои таъкид намудани нақши калидии муассисаҳои бонкӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ бахшида шудааст.
Низоми бонкӣ пояи фаъолияти ҳар гуна иқтисодиёт мебошад. Маҳз бонкҳо:
- устувории молиявиро таъмин мекунанд;
- лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва инноватсиониро дастгирӣ менамоянд;
- барои рушди тиҷорат ва шаҳрвандон қарз медиҳанд;
- технологияҳои молиявӣ ва рақамиро рушд медиҳанд;
- ба коҳишёбии нобаробарии молиявӣ ва иҷтимоӣ мусоидат мекунанд.
Дар баробари бонкҳои тиҷоратӣ, бонкҳои милли (марказӣ), ки барои таҳия ва амалӣ намудани сиёсати пулию-қарзӣ давлатҳо масъуланд дар таъмини устувории молиявию иқтисодӣ нақши муҳим доранд.
Созмони Милали Муттаҳид чанд вазифаи асосиро, ки ба хотири онҳо Рӯзи байналмилалии бонкҳо таъсис дода шудааст, таъкид менамояд:
- эътирофи саҳми бонкҳо дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо;
- пешбурди маблағгузории устувор (sustainable finance); — сармоягузориҳои дарозмуддат ба лоиҳаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ;
- дастгирии ноилшавӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ), ки бонкҳо дар маблағгузории онҳо нақши муҳим мебозанд;
- рушди фарогирии молиявӣ, ки дастрасии хизматрасониҳои бонкиро барои ҳама қишрҳои аҳолӣ таъмин менамояд;
- тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни муассисаҳои молиявӣ барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ.
Рузи байналмилалии бонкҳо - ин имконият барои баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи нақши бонкҳо дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва молиявӣ мебошад.
Он ҳамчунин ба таҳкими эътимод байни шаҳрвандон ва низоми молиявӣ мусоидат менамояд
Шарҳ