logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2025-12-13 0

Суғуртаи тиббӣ

Суғуртаи тиббӣ - маҷмӯи чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба онҳо хизмати сифатноки тиббию санитарӣ ва дигар хел хизмат расонида, бо маводи доруворӣ таъмин менамояд.
Чаро суғуртаи тиббӣ муҳим аст?
1. Ҳар кас метавонад ногаҳон бемор шавад ё ба садама дучор гардад.
2. Табобати босифат метавонад хароҷоти зиёдро талаб намояд.
3. Суғурта имкон медиҳад, ки бе ташвиши молиявӣ ба табибон муроҷиат намоед.
Бо суғуртаи тиббӣ:
- ширкат қисми асосӣ ё пурраи хароҷоти табобатро мепӯшонад;
- шумо аз хароҷоти зиёдатӣ эмин мемонед;
- ба муоинаву ташхиси саривақтӣ дастрасӣ пайдо мекунед;
- табобати босифат мегиред;
- аз хароҷоти зиёд эмин мемонед; 
- оромии равонӣ ва итминон ба даст меоред, зеро медонед, ки дар ҳолатҳои душвор танҳо нестед.
Суғуртаи тиббӣ на танҳо пӯшонидани хароҷоти табобат, балки кафолати нигоҳубини босифат ва дастгирии саривақтии Шумо мебошад.

Шарҳ