logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2025-12-26 0

Суғуртаи ҳаёт

Суғуртаи ҳаёт - намуди суғурта, ки амалӣ намудани пардохти суғуртавиро дар ҳолатҳои фавти шахси суғурташуда ё дар давоми зиндагии ӯ то ба охир расидани муҳлати суғурта ва ё то синну соли дар шартномаи суғурта дарҷгардида пешбинӣ менамояд. Объектҳои суғуртаи ҳаёт манфиатҳои молумулкие мебошанд, ки бо расидани шаҳрвандон ба синну соли муайян ё то ба охир расидани шартномаи суғурта ва ё то рух додани ягон ҳодиса дар ҳаёти шахс, инчунин бо фавти онҳо (суғуртаи ҳаёт) алоқаманданд. Суғуртаи ҳаёт аз он лиҳоз муҳим аст, ки он барои шахси суғурташуда устувории молиявӣ, эътимод ба оянда ва муҳофизат аз ҳолатҳои ғайричашмдошт дар ҳаётро таъмин менамояд.
Афзалиятҳои асосии суғуртаи ҳаёт:
- муҳофизати молиявии аъзои оила дар ҳолати аз даст додани саробон, яъне таъминкунандаи оила;
- имконияти омодагӣ ба хароҷоти калон барои табобат ва истифодаи хизматрасониҳои тиббӣ;
- пардохти кафолатнок дар ҳолати фавт ё бемории вазнин;
- баланд гардидани эътимод ва боварӣ ба фардо.
Суғуртаи ҳаёт ба Шумо оромии рӯҳӣ ва равонӣ мебахшад, нигарониҳоро аз хавфҳои эҳтимолӣ коҳиш медиҳад ва эътимод ба ояндаи осударо таҳким мебахшад.

Шарҳ