logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2026-01-12 0

Суғурта аз ҳодисаи нохуш

Суғурта аз ҳодисаи нохуш - намуди суғурта, ки амалӣ намудани пардохти суғуртавиро бо маблағи муқарраршуда ва (ё) ба андозаи қисман ё пурра ҷуброн намудани хароҷоти суғурташуда дар ҳолати фавт, бемории касбӣ, қисман ё пурра гум кардани коршоямӣ ё расидани зарар ба саломатии шахси суғурташуда, дар натиҷаи рух додани ҳодисаи нохуш пешбинӣ менамояд.
Шахсони воқеӣ худро ва шахсони хуқуқӣ кормандони худро метавонанд аз ҳодисаҳои нохуш суғурта намоянд.

Муҳиммияти суғурта аз ҳодисаи нохуш:
Суғурта аз ҳодисаи нохуш яке аз чораҳои муҳим ва дастрас оид ба ҳифзи молиявии ҳар як нафар буда, ба шахс кумак мекунад, ки пешакӣ ба ҳолатҳои ғайричашмдошт омода шавад.
Дар ҳолати бардоштани ҷароҳати ҷиддӣ, муваққатан ё пурра аз даст додани қобилияти меҳнат, инчунин дар вазнинтарин ҳолатҳо, пардохти суғуртавӣ метавонад сарчашмаи муҳимми дастгирии молиявӣ гардад. Зеро, дар ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш даромади молиявии шахс коҳиш меёбад ё пурра қатъ мегардад. Дар чунин ҳолатҳо маблағи пардохти суғуртавиро метавон дар табобату барқароршавии қобилияти меҳнат, хариди доруворӣ ё пӯшонидани хароҷоти ҳаррӯза истифода бурд.

Ин намуди суғурта ба Шумо имкон медиҳад, ки устувории молиявии худро нигоҳ доред ва дар лаҳзаҳои душвор ба қарз гирифтан ё кумаки шахсони сеюм ниёз пайдо накунед.

Шарҳ