ОГОҲӢ: Аз қаллобони молиявӣ эҳтиёт бошед!
ОГОҲӢ: Аз қаллобони молиявӣ эҳтиёт бошед!
Бонки миллии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки ҳангоми истифодаи кортҳои пардохтӣ, замимабарномаҳои мобилии бонкӣ ва хизматрасониҳои онлайнӣ ҳушёрӣ ва эҳтиёткориро зиёд намоянд. Қаллобон метавонанд худро корманди ташкилоти қарзии молиявӣ, оператори мобилӣ ё “маркази дастгирӣ” муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб кӯшиш намоянд маълумоти махфии шуморо ба даст оранд.
1. Маълумоти махфиро ҳеҷ гоҳ ба касе надиҳед.
Ҳеҷ гоҳ ба шахсони дигар, ҳатто агар худро корманди ташкилоти қарзии молиявӣ муаррифӣ кунанд маълумоти зеринро пешниҳод накунед:
- рақами пурраи корт ва муҳлати амал (MM/YY);
- рамзи CVV/CVC (3 рақам дар пушти корт);
- PIN-рамз;
- рамзҳои якдафъаина (SMS/OTP);
- логин ва гузарвожаи (пароли) замимабарномаи бонкӣ, инчунин калимаҳои махфӣ.
Агар аз шумо ин маълумотро талаб кунанд - ин нишонаи қаллобӣ аст.
2. Ба пайвандҳо (ссылка) ва файлҳои шубҳанок бовар накунед.
- Аз мессенҷерҳо (Telegram, WhatsApp ва ғайра) расм, файл, барнома ё пайвандеро, ки аз шахси ношинос ё ҳатто аз шахси шинос бо матни шубҳанок омадааст, ҳеҷ гоҳ накушоед;
- барномаҳо ва навсозиҳоро танҳо аз манбаъҳои расмӣ (Play Market / App Store) насб намоед;
- агар аз шумо талаб кунанд “барои ҳалли мушкил” барнома насб кунед ё “дастрасӣ” диҳед, эҳтиёт шавед - ин метавонад барои идоракунии телефон ба таври фосилавӣ ва дуздидани маблағҳо истифода шавад.
3. Аломатҳои маъмулии фиребро донед.
Қаллобон бештар чунин баҳонаҳоро истифода мебаранд:
- “Ҳисобатон баста мешавад ё амалиёт шубҳанок аст - фавран рамзро гӯед.”
- “Ба шумо қарз / мукофот / кӯмакпулӣ тасдиқ шуд - маълумот диҳед.”
- “Кортатонро бояд иваз кунем - CVV ё SMS-рамзро гӯед.”
- “Аз номи шумо интиқол рафта истодааст барои қатъ кардан рамзро гӯед.”
- “Ин пайвандро кушоед ва маълумотро ворид кунед.” (Одатан ин сомонаҳои сохта/қалбакӣ мебошанд.)
Ёдовар мешавем: кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва воҳидҳои марбути онҳо ҳеҷ гоҳ CVV/CVC, PIN ва рамзи якдафъаинаро талаб намекунанд.
4. Қоидаҳои оддии бехатарӣ.
- Барои замимабарномаи бонкӣ гузарвожаи мустаҳкам интихоб кунед (бояд аз ҳарф, рақам ва аломатҳо иборат бошад) ва онро ба касе нагӯед;
- қулфи экранро фаъол нигоҳ доред (PIN ё изи даст (биометрия));
- огоҳиномаҳо (SMS)-ро барои амалиётҳо фаъол нигоҳ доред;
- агар телефонро гум кунед фавран ба ташкилоти қарзии молиявӣ муроҷиат карда, барои ғайрифаъол кардани барномаҳо чора андешед.
5. Агар ба қаллобӣ шубҳа пайдо кардед, чӣ бояд кард?
1. Фавран бо ташкилоти қарзии молиявии худ тавассути маркази тамос муроҷиат карда:
- Дастрасиро ба корти пардохтӣ ё замимабарномаи бонкӣ муваққатан масдуд намоед;
- дархости санҷиш ва бекоркунӣ ё бозгардондани амалиётро пешниҳод кунед.
2. Гузарвожаи замимабарномаро иваз намоед.
3. Агар барномаи шубҳанок насб карда бошед, иҷозатҳои онро қатъ кунед ва телефонро санҷед.
Бонки миллии Тоҷикистон шаҳрвандонро даъват менамояд, ки ҳангоми зангҳо ё паёмҳои шубҳанок саросема нашаванд ва ҳеҷ гоҳ рамзҳои якдафъаина (SMS/OTP), PIN-рамз, гузарвожа (парол) ва маълумоти кортро ба касе надиҳанд - ҳатто агар шахс худро корманди ташкилоти қарзии молиявӣ ё ширкати мобилӣ муаррифӣ намояд.
Шаҳрвандони муҳтарам! Ба пайвандҳои ношинос ва шубҳанок надароед, онҳоро накушоед ва барномаҳои ношиносро насб накунед, барои санҷиш ва гирифтани кӯмак танҳо ба рақамҳо ва шабакаҳои расмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ муроҷиат карда, аз замимабарнома ва сомонаи расмӣ истифода баред.
Ҳушёрӣ - беҳтарин муҳофизат аз қаллобист.
Шарҳ