Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дӯстони гиромӣ!
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар маҷмуъ 69 ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла:
✅ 18 бонки анъанавӣ;
✅ 1 бонки исломӣ;
✅ 26 ташкилоти амонатии қарзии хурд;
✅ 2 ташкилоти қарзии хурд;
✅ 22 фонди қарзии хурд
Бояд қайд намуд, ки дар саросари ҷумҳурӣ 360 филиал, 3 равзанаи бонкии исломӣ, 1385 марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 199 марказҳои хизматрасониҳои маблағгузории хурд, 3 воҳидҳои сайёр ва 13 нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ ба истеъмолкунандагон хизмат мерасонанд.
Ба саҳифаи мо обуна шуда, дар баробари баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии худ, ҳамчунин дар бораи низоми бонкии мамлакат ва хизматрасониҳои он маълумоти бештар пайдо намоед!
Шарҳ