logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2026-03-16 0

Хизматрасонии сейфӣ

Хизматрасонии сейфӣ ин намуди хизматрасонии бонкӣ мебошад, ки муштариён (шахсони воқеию ҳуқуқӣ – резидентҳо ва ғайрирезидентҳо) метавонанд дар асоси шартнома қуттиҳои сейфиро барои нигаҳдории ашё ба муҳлати аз 1 рӯз то 1 сол ва бештар аз он ба иҷора гиранд.

 
Қуттиҳои сейфӣ:
- сейфҳои (блокҳои) зиреҳпӯши дорои қуттиҳои алоҳидаи рақамдори гуногунҳаҷм мебошанд, ки дар дохили махзанҳои муҳофизатшавандаи бонкҳо барои нигоҳдории ашёи муҳим истифода мешаванд;
- барои нигоҳдории ашёе пешбинӣ шудаанд, ки шахс вобаста ба вуҷуд доштани эҳтимолияти хатари дуздӣ, сӯхтор ва ё ба онҳо зуд-зуд ниёз надоштан намехоҳад онҳоро дар хона нигоҳ дорад;
- бо ду қуфл маҳкам карда мешаванд ва ду калид доранд. Як калид ба муштарӣ дода шуда, калиди дигар дар бонк нигоҳ дошта мешавад. Кушодану  қуфл кардани қуттиҳои сейфӣ танҳо дар якҷоягӣ бо корманди бонк ва муштарӣ ба амал оварда мешаванд.
 
Қуттиҳои сейфӣ маъмулан барои ҳифзи ашёи зерин истифода мешаванд:
1. Ҳуҷҷатҳои муҳим: қоғазҳои қиматнок, гувоҳномаҳо, шиносномаҳо, шаҳодатномаи молу мулк, васиқаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо;
2. Воситаҳои пулӣ: пули нақди миллӣ ва асъори хориҷӣ;
3. Ашёи қиматбаҳо: ҷавоҳирот, 
маҳсулотҳои заргарӣ, металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои гаронбаҳо;
4. Маьлумоти электронӣ: дискҳо ва флэш кортҳо бо нусхаҳои эҳтиётии маълумоти муҳим;
5. Чизҳои хотиравӣ: аксҳои қадимӣ, коллексияҳои танга ё тамғаҳо ва мероси оилавӣ.
Бартарии нигоҳ доштани дороиҳо дар қуттиҳои сейфӣ:
 1. Кафолати таъмини маҳфузияти ашёи нигаҳдошт: бонк барои яклухтии қуттиҳои сейфӣ масъул буда, бе осеб нигоҳ доштани онҳо ва чизҳои қиматноки дар дохил бударо ба Шумо кафолат медиҳад. Ашёе, ки дар дохили қуттии сейфӣ нигоҳ дошта мешаванд, моликияти Шумост, на аз бонк. Ҳатто агар иҷозатномаи фаъолияти бонк бозхонд гардад ҳам, қуттии сейфӣ бе Шумо кушода намешавад ва дороиҳоятан пурра баргардонида мешаванд.
 2. Ашёҳо аз дуздӣ, сӯхтор ва офатҳои табиӣ ҳифз мегарданд: Қуттиҳои сейфӣ дар ҷойи (хазинаи) махсус, ки ба офатҳои табиӣ (сел, обхезӣ, заминларза) тобовар мебошад, дари зиреҳпӯши маҳкамшаванда дорад, бо воситаи сигналдиҳии ҳифозатию сӯхторнишонӣ ва назорати видеоӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, ҳифз карда мешаванд. 
 3. Махфият: ҳеҷ кас ба ҷуз Шумо нахоҳад донист, ки дар қуттии сейфӣ чӣ мегузоред, ҳатто  кормандони бонк низ. Зеро, дар бонкҳо барои хизматрасонӣ ба муштариён ҳангоми ба қуттии сейфӣ гузоштан, гирифтан, ё аз назар гузаронидани  дороиҳо утоқҳои алоҳидаи аз ҳам ҷудо таъмин карда шудааст.
 
Нигоҳ  доштани кадом ашё дар қуттиҳои сейфӣ мамнӯъ аст?
Дар қуттиҳои сейфӣ нигоҳ доштани силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, заҳр, химикатҳо, маводи тарканда, маводи зуддаргиранда, радиоактивӣ, маводи мухаддир ва дигар маводе, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  нигоҳ доштани онҳо манъ мебошанд, ба муштариён (иҷорагирон) иҷозат дода намешавад.

Шарҳ