“Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030”.
📅 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №75 аз 26 феврали соли 2026 “Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030” тасдиқ гардид.
🎯 Ҳадафи барнома - баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мебошад.
🏦 Дар заминаи ин барнома Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои молиявӣ ва шарикони рушд силсилаи тадбирҳоро барои баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ амалӣ менамояд.
💳 Бо назардошти рушди босуръати хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, густариши фарогирии молиявӣ ва зиёд шудани пардохтҳои ғайринақдӣ, дониши молиявии шаҳрвандон барои устувории низоми молиявӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад.
Шакли пурраи маълумот: https://www.nbt.tj/tj/news/622982/
Шарҳ