logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2026-05-13 0

Пасандози муштарии фавтида

Баробари гирифтани огоҳиномаи расмӣ аз сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ), нотариус, хешовандон ва дигарон оид ба фавти муштарӣ, ташкилотҳои қарзӣ (бонкҳо) суратҳисоби муштарии фавтидаро муваққатан маҳдуд менамоянд. Вале, ҳисоб кардани фоизҳоро тибқи шартҳои шартнома то пардохти маблағ идома медиҳанд.
Пасандозҳои шахси фавтида мисли дигар молу ашё дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мерос ба вориси/ворисони дар васиятнома зикршуда дода мешавад ё тибқи қонун байни ворисон тақсим мегардад ё ин ки ба моликияти давлат мегузарад.
Додани пасандози муштарии фавтида ба меросгир дар чӣ асос сурат мегирад?
1.Дар асоси васиятнома
Агар марҳум дар назди нотариус васиятнома гузошта бошад, маблағи пасандоз ба вориси/ворисони дар он зикршуда дода мешавад.
2.Дар асоси қонун
Дар ҳолати набудани васиятнома (васият накардани меросгузор, васият нашудани мерос, беэътибор гардидани васиятнома, аз ҷониби меросгир қабул накардани мерос тибқи васиятнома ва ғайра) меросгирӣ тибқи қонун сурат мегирад. Дар ин сурат пасандоз мутобиқи навбати муқаррарнамудаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (меросгирони навбати якум, дуюм ва сеюм) ба меросгирон дода мешавад. 
Дар кадом ҳолатҳо пасандози муштарии фавтида ба моликияти давлат мегузарад?
Мутобиқи моддаи 1281 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон агар:
-васиятгузор ҳамаи меросгиронро аз ҳуқуқи меросгирӣ маҳрум карда бошад;
-ҳамаи меросгирон ҳуқуқи гирифтани меросро надошта бошанд;
-ҳамаи меросгирон бе зикри меросгире, ки ба манфиати он даст кашида мешавад, аз мерос даст кашида бошанд;
-ҳамаи меросгирон меросро қабул накарда бошанд;
-меросгузор тибқи қонун ва васиятнома меросгир надошта бошад.

Шарҳ