logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2026-05-22 0

Гирифтани маблағи пасандози муштарии фавтида

Барои гирифтани маблағи пасандози муштарии фавтида ҳамчун мерос (тибқи васиятнома ё тибқи қонун) чӣ бояд кард?
1. Ба идораи нотариалии давлатии ҷойи кушодашавии мерос муроҷиат намоед:
Дар давоми шаш моҳи баъди вафоти пасандозгузор, барои гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос, бо ариза ба мақомоти нотариалии ҷойи кушода шудани мерос муроҷиат намоед. Агар дар давоми ин муҳлат бе сабабҳои узрнок муроҷиат накунед, гирифтани маблағ танҳо тавассути суд сурат мегирад.
2.Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба меросро гиред:
Нотариуси давлатӣ тибқи тартиби муайянгардида аризаатонро баррасӣ намуда, шаҳодатномаи ҳуқуқ ба меросро пас аз гузаштани шаш моҳ аз рӯзи кушодашавии мерос ба Шумо медиҳад.
 3. Ба ташкилоти қарзии молиявӣ муроҷиат намоед:
Баъди гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос, Шумо бояд бо пешниҳоди шиноснома ва шаҳодатномаи вафот ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор ба ташкилоти қарзии молиявӣ, ки дар он пасандоз гузошта шудааст, муроҷиат намуда, оид ба  интиқоли пасандоз ба суратҳисоби худ ё гирифтани маблағи пасандоз ариза пешниҳод намоед. Ташкилоти қарзии молиявӣ аризаи Шуморо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барррасӣ менамояд.
 Аз сомонаи мо www.fingram.tj (http://www.fingram.tj/) дидан намуда, ба саҳифаҳои "Саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон” дар шабакаҳои иҷтимоии фэйсбук @fingramtj, телеграм me/fingramtj ва инстаграм @fingramtj, ки барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии аҳолӣ ташкил гардидаанд, обуна шавед!

Шарҳ