logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2026-06-11 0

Дроппер кист?

Дроппер кист?
 
Дроппер - шахсе мебошад, ки бо истифода аз онлайн бонкинг, корти бонкӣ ва (ё) ҳамёни электронии худ, ба ивази музди муайян, бо қаллобони молиявӣ ҷиҳати интиқол ва нақдкунии воситаҳои пулии бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардашуда ҳамкорӣ менамояд.
 
Дроппер чӣ кор мекунад?
Одатан шахсони қаллоб ва ҷинояткор воситаҳои пулии бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаи худро ба корти бонкӣ ва (ё) ҳамёни электронии дроппер мегузаронад. Дар навбати худ дроппер ин пулҳоро нақд карда, ба қаллоб медиҳад, ё ин ки ба дигар суратҳисобҳои бонкии нишондодаи қаллоб интиқол дода, барои ин “кораш” музд/мукофот мегирад.
 
Шахс метавонад аз ноогоҳӣ ва ҳиссиёти ба даст овардани даромади иловагӣ дроппер шавад, масалан:
Қаллобон метавонанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмакҳои телефони мобилӣ ва сомонаҳои интернетӣ ҷойҳои холии кориро, ки барои иҷрои он ҳеҷ гуна донишу таҷриба талаб карда намешавад ва доштани корти бонкӣ, онлайн бонкинг ё ҳамёни электронӣ кифоя аст, пешниҳод намуда, одамонро ба нақшаи қаллобии худ ҷалб намоянд. Ба чунин корҳо шаҳрвандон, аз ҷумла донишҷӯён, шахсони ниёзманд, инчунин мактаббачагону калонсолон метавонанд ҷалб гарданд ва онҳо ҳатто гумон набаранд, ки ба нақшаи ҷиноятии қаллобон ҷалб шудаанд.
 
Дроппер шудан чӣ паёмадҳои ҷиддии ҳуқуқӣ дорад?
1. Новобаста аз он ки шахс дидаву дониста/бошуурона ба корҳои дропперӣ машғул мешавад ё ин ки ӯро фиреб додаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти дропперӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст.
2. Ба фаъолияти дропперӣ машғул шудани шахс дар махзани маълумоти ташкилоти қарзии молиявӣ сабт мегардад.
 
Дар истифодаи хизматрасониҳои молиявии муосири гуногун ва амалиётҳои молиявии худ бо диққат бошед!
 
Аз сомонаи мо www.fingram.tj (http://www.fingram.tj/) дидан намуда, ба саҳифаҳои ”Саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон” дар шабакаҳои иҷтимоии фэйсбук @fingramtjj ва инстаграм @fingramtj обуна шавед ва аз тадбирҳое, ки дар асоси Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030 роҳандозӣ мешаванд, баҳраманд гардед.

Шарҳ