logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2026-06-16 0

16 июн – Рӯзи байналмилалии интиқолҳои маблағҳои оилавӣ

16 июн – Рӯзи байналмилалии интиқолҳои маблағҳои оилавӣ

Ҳамасола 16-уми июн дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии интиқолҳои маблағҳои оилавӣ таҷлил мешавад. Ин сана бо ташаббуси Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) таъсис ёфта, бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эътироф гардидааст.
Ин рӯз ба қадрдонии саҳми миллионҳо муҳоҷирони меҳнатӣ бахшида шудааст, ки дур аз Ватан фаъолият намуда, оилаҳои худро дастгирӣ мекунанд ва дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои худ саҳми арзишманд мегузоранд.
Рӯзи байналмилалии интиқолҳои маблағҳои оилавӣ ёдовар менамояд, ки интиқолҳои пулӣ на танҳо воситаи дастгирии молиявии оилаҳои алоҳида мебошанд, балки омили муҳимми рушди устувор, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва густариши фарогирии молиявӣ низ ба ҳисоб мераванд.
Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини дастрасӣ, амният ва самаранокии хизматрасониҳои интиқоли маблағҳо мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар ин самт тавсеаи хизматрасониҳои рақамӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои истифодаи ҳамёнҳои электронӣ ва хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд. Амалисозии чунин тадбирҳо ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки маблағҳои интиқолшавандаро бо хароҷоти камтар, суръати бештар ва сатҳи баланди амният қабул ва истифода намоянд.

Шарҳ