Бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ" муайян гардида, шароити мусоид барои фаъолияти он дар асоси Қонуни мазкур фароҳам оварда шудааст.
Ба ҳолати имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 бонки исломӣ ва 4 равзанаи бонкии исломӣ фаъолият менамоянд ва шумораи воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки ба истеъмолкунандагон хизмат мерасонанд, 39 ададро (5 филиал, 32 марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ ва 2 нуқтаи хизматрасониҳои хазинавӣ) ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ хусусияти ба худ хос дорад ва танзиму назорати он тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, аз ҷумла стандартҳои Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ (IFSB) ва Ташкилоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) сурат мегирад.
Бинобар ин, дар ташкилотҳои қарзии исломӣ амалиётҳои бонкии исломӣ мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, яъне риояи меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ ва стандартҳои байналмилалии зикргардида, анҷом дода мешаванд.
Ташкилотҳои қарзии исломӣ, айни замон дар кишвар ба муштариён (истеъмолкунандагон) амалиётҳои бонкии исломии зеринро пешниҳод менамоянд:
1. Муробаҳа - аҳд оид ба хариду фурӯши моле, ки ташкилоти қарзии исломӣ бо дархости муштарӣ харидааст. Нархи фурӯши моли ташкилоти қарзии исломӣ аз ҷониби тарафҳои шартнома ҳамчун ҷамъи нархи харид ва изофапулӣ, ки тарафҳо мувофиқа кардаанд, муайян карда мешавад.
2. Музораба - аҳди дар асоси шартнома басташуда, ки мутобиқи шартҳои он як тараф – сармоягузор сармоя (маблағҳои пулӣ) пешниҳод мекунад, тарафи дигар – соҳибкор сармояро гирифта, онро бо истифода аз захираҳои меҳнатии худ бо мақсади гирифтани фоида ва тақсими он дар байни тарафҳо тибқи шартнома истифода мебарад.
3. Қарзи ҳасана - аҳде, ки тибқи шартҳои он як тараф дар асоси шартнома маблағи пулиро ба тарафи дигар бе изофапули бо шартҳои бозгардонӣ ё бо мақсадҳои хайрия пешниҳод мекунад.
4. Иҷора - навъи фаъолияти сармоягузорӣ, ки тибқи он иҷорадеҳ тавассути хариди махсус молики таҷҳизот ё дигар молу мулк шуда, онро ба иҷорагир ба иҷораи (кирояи) пулакӣ ба ихтиёрдорӣ ё истифодаи муваққатӣ дар муҳлати мувофиқашуда медиҳад.
5. Салам - аҳд доир ба харидории мол дар асоси ба таъхир гузоштани таҳвил, ба шарти дар лаҳзаи бастани шартнома пардохт намудани арзиши мол мебошад. Ин як намуди аҳди фурӯш мебошад, ки дар он нарх ҳамчун сармоя дониста мешавад.
6. Иҷораи мунтаҳия биттамлик - аҳдест, ки аз шартномаи иҷора баромада, мутобиқи он муштарӣ барои харидани молу мулки қаблан ба иҷора дода (барои ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатӣ), ё баъди анҷомёбии муҳлати амали шартномаи иҷора ва ё давра ба давра дар давоми давраи амали шартнома ҳуқуқ пайдо мекунад.
Бонкдории исломӣ ҳамчун ҷузъи муосири низоми молиявӣ дар баробари бонкдории анъанавӣ дар рушди устувор ва мутавозини низоми бонкӣ нақши муҳим дорад. Зеро, он бо такя ба меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ ба диверсификатсияи хизматрасониҳои молиявӣ ва ҷалби маблағҳои озоди аҳолӣ мусоидат менамояд ва ин раванд маблағгузории бахши воқеии иқтисоди миллиро тақвият медиҳад.
Саҳифаи моро пайгирӣ намоед ва дар бораи амалиётҳои бонкии исломӣ ва шартҳои он маълумоти бештар пайдо намоед.
Шарҳ