Фишинг чист?
Фишинг қаллобист!?
Фишинг - яке аз усулҳои маъмули қаллобӣ мебошад, ки дар он қаллобон бо истифода аз фиреб, таъсиррасонии равонӣ, таҳрифи маълумот ва дигар роҳҳо кӯшиш мекунанд маълумоти махфӣ ва бонкии шаҳрвандонро ба даст оранд ва аз онҳо барои анҷом додани амалҳои ғайриқонунӣ истифода намоянд.
Мақсади асосии фишинг чист?
Мақсади асосии фишинг ба даст овардани маълумоти махфӣ ва бонкии шаҳрвандон, аз ҷумла логин ва рамзҳои махфии почтаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, рақами корти бонкӣ, рамзи амниятии CVV, рамзҳои яккаратаи тавассути СМС ирсолшаванда ва дигар маълумоти махфии шахсӣ ва бонкӣ мебошад.
Бо истифода аз ин маълумот қаллобон метавонанд ба суратҳисобҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ дастрасӣ пайдо намуда, маблағҳоро тасарруф кунанд, амалиётҳои ғайриқонунии молиявӣ анҷом диҳанд, молу хизматрасониҳоро харидорӣ намоянд ё ба тамаъҷӯӣ машғул шаванд.
Моро дар саҳифаҳои «Саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон” дар Facebook, Telegram ва Instagram пайгирӣ намоед. Дар пости минбаъда дар бораи намудҳои маъмули фишинг маълумот хоҳем дод⬇️
Шарҳ