Намудҳои фишинг
Намудҳои маъмули фишинг
1. Email-фишинг:
Дар ин ҳолат қаллобон ба почтаи электронии Шумо паёмҳо ва пешниҳодҳои ҷолиб мефиристанд, масалан: «Дар лоторея бурд кардед», «Соҳиби туҳфа гардидед», «Хизматрасониҳои мо барои Шумо ройгон мебошанд», «Қарзи имтиёзнок танҳо барои Шумо».
Барои гирифтани бурд, туҳфа ё қарз аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки ба истиноди (ссылка) пешниҳодшуда ворид шуда, маълумоти шахсӣ ё бонкии худро пешниҳод намоед.
2. СМС-фишинг (Smishing):
Қаллобон тавассути СМС-паёмакҳо ё шабакаҳои иҷтимоӣ (Telegram, WhatsApp ва ғайра) худро намояндаи ташкилот ё ширкати маъруф муаррифӣ намуда, ба Шумо «туҳфа», «купон» ё «тахфиф» пешниҳод мекунанд. Барои дарёфти онҳо хоҳиш мекунанд, ки ба истиноди замимашуда ворид шавед. Аксар вақт чунин истинодҳо қалбакӣ буда, барои дуздидани маълумоти шахсӣ ва бонкӣ пешбинӣ шудаанд
3. Фишинги телефонӣ (Vishing):
Дар ин намуди фишинг қаллобон тавассути занги телефонӣ ё паёми овозӣ худро корманди ташкилоти қарзии молиявӣ ё хадамоти амниятии он муаррифӣ мекунанд. Онҳо метавонанд аз Шумо рақами корти бонкӣ, рамзи амниятии CVV, рамзҳои яккаратаи тавассути СМС ирсолшуда ва дигар маълумоти махфиро пурсанд. Инчунин, қаллобон метавонанд хоҳиш намоянд, ки барномаи муайянеро дар телефони мобилии худ насб намоед.
Чӣ тавр метавонед худро аз фишинг эмин нигоҳ доред?
- агар шахси ношинос ё шубҳанок занг зада, аз Шумо маълумоти шахсӣ ё рамзи махфии тавассути СМС ирсолшударо талаб кунад, фавран суҳбатро қатъ намоед;
- ба истинодҳо ва суроғаҳои интернетии шубҳанок ворид нашавед;
- логин ва рамзҳои махфии худро танҳо дар сомонаҳои дорои пайвасти бехатар (https://) ворид намоед;
- барномаҳо ва замимаҳои шубҳанокеро, ки тавассути почтаи электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ё дигар манбаъҳо дастрас мегарданд, насб накунед.
Зимни истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ҳамеша эҳтиёткор бошед!
Шарҳ