Аз қаллобон эҳтиёт бошед!
Шаҳрвандони муҳтарам!
Таҳлили муроҷиатҳо ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон собит менамояд, ки қаллобони молиявӣ фаъолтар гардида, аз воситаҳои гуногун истифода намуда истодаанд. Аз ҷумла, ба шаҳрвандон занг зада, худро ҳамчун корманди бонк муаррифӣ менамоянд ва барои мушаххас намудани ҳамёни электронӣ маълумоти шахсӣ, ирсол намудани расми шиноснома якҷо бо соҳиби он ва смс-пайёмакҳоро талаб карда, ба ин восита ба ҳамёни электронии мизоҷон дастрасӣ пайдо менамоянд ва маблағҳои онҳоро тасарруф мекунанд.
Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон Шуморо огоҳ менамояд, ки боэҳтиёт бошед ва худро аз чунин амалҳои қаллобони молиявӣ ҳифз намоед.
Бехатарии молиявии Шумо дар дасти худи Шумост.
Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон: +992 (44) 600-15-20
Шарҳ